НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид

Июль 10, 2026 16:18

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро пурра ба анҷом расонид. Ҳамзамон тибқи нақшаи тасдиқшуда таҳияи лоиҳаҳои нави кинематографӣ ва истеҳсоли силсилафилми бисёрсериягӣ идома дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори ин муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои давраи ҳисоботӣ анҷоми истеҳсоли филми ҳунарии «Ошёни меҳр» мебошад. Ин филм бори аввал дар кинои миллӣ ба меҳнати созандаи мардуми Тоҷикистон дар бунёди яке аз бузургтарин иншооти стратегии мамлакат бахшида шуда, мавзуъҳои ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, пайванди наслҳо, меҳнати созанда ва масъулияти шаҳрвандиро дар назди ояндаи кишвар инъикос менамояд.

Ҳамчунин истеҳсоли филми ҳунарии «Моҳӣ барои Черчилл» бо коргардонии Нигина Раҳматова ба анҷом расид. Филм бар пояи рӯйдодҳои таърихӣ таҳия гардида, ба қаҳрамонӣ, шуҷоат ва фидокории намояндагони халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст. Дар он саҳми фарзандони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба ва аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ барои тарбияи ватандӯстии насли ҷавон бозтоб ёфтааст.

Филми ҳунарии «Решаҳо» бо коргардонии Абдулҳай Зокиров пурра анҷом ёфта, нахустнамоиши он рӯзҳои наздик баргузор мегардад. Филм аз саргузашти ҷавони русе қисса мекунад, ки баъд аз солҳои зиёд ба Тоҷикистон бармегардад, то решаҳои худро ёфта, робитаи худро бо гузашта барқарор намояд ва Тоҷикистони имрӯзаро аз нав кашф кунад. Дар филм мавзуъҳои сулҳ, инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва эҳтиром ба хотираи таърихӣ инъикос шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои истеҳсолии силсилафилми бисёрсерягии «Хуршеду моҳ» таҳти коргардонии Манзаралӣ Шералӣ идома доранд.

Таъкид шуд, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» зимни фаъолият ба офаридани филмҳое афзалият медиҳад, ки ба таърихи халқи тоҷик, ташаккули давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва муаррифии дастовардҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд