НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантиро барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 386,9 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонид. Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, созишномаҳои қарзию грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, ирригатсия ва кишоварзӣ ба имзо расонида шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 89 ададро ташкил дод, ки аз он 55 лоиҳа грантӣ, 5 лоиҳа қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант мебошанд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 52,2 миллиард сомонӣ ё 5 миллиарду 633,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда азхудкунии маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз санаи оғози татбиқ 3,37 миллиард доллар ё 60 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-июни соли 2026 4,5 миллиард сомонӣ (491,8 миллион доллар) ё 113 фоизро ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






