НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуд. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Умед Бобозода ҳамзамон афзуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро барои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбиз» таҳия намуда, онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии минбаъда ирсол намуд.
Ҳамчунин дар шаш моҳи соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ва дигар шарикони рушд дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон густариш дода, барои таҳкими муколамаи созанда ва татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимми байналмилалиро амалӣ намуд.
Бояд гуфт, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) соли 2008 дар Тоҷикистон таъсис дода шуда, ниҳоди давлатиест, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар инсонро ҳимоя мекунад.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






