Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод

Июль 18, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» фаъолияти мақомоти давлатиро мавриди санҷиш қарор дод. Муайян гардид, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти татбиқи технологияҳои кадрӣ, низомномаҳои сохторҳои намунавии дастгоҳи раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қисман риоя карда нашудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Илёс Идрисзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бохтар, Леваканд, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ чунин иброз намуданд: «Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо афзалият, балки зарурат ба ҳисоб меравад, зеро маҳорати забондонӣ на танҳо имконияти касбӣ ва таҳсилотиро васеъ мекунад, балки ба рушди шахсӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд