ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 19 июл дар мамлакат ҳавои гарм пешгӯӣ шуда, аз 41 то 46 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 16 то 19 июл дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ 34 + 39 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 39+41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин бо сабаби баландшавии ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.
Табибон ба сокинони мамлакат дар чунин рӯзҳо тавсия медиҳанд, ки бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда пӯшанд. Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад.
Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз зери таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






