ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 то 27 июл бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел пешгӯӣ мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, кумита бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор тавсия додааст, ки омодагии қувва ва воситаҳоро таъмин намоянд. Инчунин дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзӣ ташкил ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдорро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон мутахассисони кумита тавсия медиҳанд, ки бо назардошти баланд шудани ҳарорати ҳаво барои пешгирии таъсири манфии мавҷи гармӣ ба саломатии аҳолӣ, махсусан гурӯҳҳои осебпазир тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар иншооти зеризаминӣ чораҳои бехатарӣ барои ҳифзи кормандон пурзӯр карда шаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ин рӯзҳо бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои дорои хавфи сел сафар накунанд. Аз сайёҳӣ, истироҳат, моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй ва чаронидани чорво дар чунин минтақаҳо низ худдорӣ намоянд.
Масъулин таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон ҳангоми мушоҳида намудани баландшавии сатҳи оби дарёҳо ё дигар аломатҳои эҳтимолии сар задани сел бояд фавран ба ҷойҳои бехатар кӯчида, мақомоти дахлдор ва сокинони атрофро огоҳ созанд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи хадамоти наҷот — 112 занг зананд ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






