ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад

Июль 29, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июл то 1 август дар мамлакат баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 29 июл то 1 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ пешгӯӣ шуда, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои дорои хавфи сел худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 сайругаштро дар кӯча кам кунанд. Кӯдакон, калонсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас худро аз таъсири гармӣ ва чангу ғубор муҳофизат намоянд. Истеъмоли таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.

Табибон ба сокинони мамлакат дар чунин рӯзҳо тавсия медиҳанд, ки бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда пӯшанд. Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад.

Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз ин рӯ дар чунин рӯзҳо аз таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред ва дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.

Июль 29, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад