Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат» конфронси байналмилалӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва намояндагони судҳои ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии конфронс таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва баррасии нақши занон дар рушди низоми судӣ ва таъмини адолати судӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён вобаста ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон дар ҳокимияти судӣ, саҳми онҳо дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи принсипҳои адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ибрози назар карданд.
Изҳор гардид, ки солҳои охир барои ҷалби бештари занон ба мақомоти судӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои фаъолияти касбии онҳо тадбирҳои муассир амалӣ гардида, шумораи занон дар низоми судӣ тадриҷан афзоиш меёбад.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои таҳкими иқтидори касбии занон-судяҳо, рушди малакаҳои роҳбарӣ, такмили ихтисос, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти судҳо ва роҳҳои баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ, бахусус ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба табъиз ва ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазирро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо намояндагони кишварҳои иштирокчӣ таҷрибаи давлатҳояшонро оид ба пешбурди сиёсати баробарии гендерӣ дар низоми судӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва истифодаи таҷрибаҳои навини идоракунии фаъолияти судҳо пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба барои таҳкими низоми мустақил, шаффоф ва дастрас ба адолати судӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷоми конфронс иштирокчиён барои густариши ҳамкории касбӣ, идомаи табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти таҳкими нақши занон дар низоми адолати судӣ изҳори омодагӣ намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро омили муҳими рушди низоми судӣ ва таҳкими волоияти қонун арзёбӣ карданд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад






