Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 23 июл дар тамоми минтақаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба низоми ягонаи «Е-Диплом», ки аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд. Барои кормандони муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварат дар шакли онлайн ташкил карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад, дар машваратҳо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони бахши кадрҳо иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи машваратҳо иштирокчиён бо хусусияти техникии низоми «Е-Диплом», тарзи корбарӣ ва аҳамияти он дар раванди рақамикунонии таҳсилоти касбӣ шинос шуданд. Иброз гардид, ки ин низом бо мақсади ташкили махзани ягонаи электронии дипломҳо, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, содагардонии раванди санҷиши ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ва пешгирии ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти нодуруст таҳия гардидааст.
Низоми «Е-Диплом» барои ҳама муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки яке аз бартариҳои асосии низоми нав дар он аст, ки ҳар диплом бо рамзи махсуси QR-код таъмин карда шуда, ҳангоми гирифтани акси QR-код тавассути телефон маълумоти пурра ва дақиқ оид ба соҳиби диплом пешниҳод мегардад. Ин маълумот тамоми марҳилаҳои таҳсили шахсро аз лаҳзаи қабул ба муассисаи таълимӣ, ихтисоси интихобшуда, шакли таҳсил, натиҷаҳои марҳилаҳои омӯзишӣ то хатми муассиса ва гирифтани диплом дар бар мегирад. Ҷорӣ намудани QR-код дар дипломҳо имконият медиҳад, ки корфармоён, ташкилоту муассисаҳо ва дигар истифодабарандагон тавонанд ҳаққонияти ҳуҷҷати таҳсилотиро зуд ва осон санҷанд.
Дар машваратҳо иштирокчиён масъалаҳои марбут ба ворид намудани маълумоти хатмкунандагон, дурустии маълумоти электронӣ, талаботи ҳифзи иттилоот ва масъулияти кормандони дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд. Барои мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони бахши кадрҳо машғулияти амалӣ баргузор шуда, тартиби истифодаи низом қадам ба қадам нишон дода шуд.
Ҷорӣ намудани низоми ягонаи «Е-Диплом» иқдоми муҳими Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






