Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Июль 27, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо» форуми ҷумҳуриявӣ доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум иштирокчиён бо намоиши маҳсулоти соҳаи кӯҳкорию металлургӣ шинос гардиданд. Дар намоиш намунаҳои гуногуни маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имконоти мавҷудаи соҳа ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳои муҳандисию техникӣ ба талаботи корхонаҳои истеҳсолӣ, банақшагирии қабули донишҷӯён бо назардошти эҳтиёҷоти соҳа, таъсиси ихтисосҳои нав ва такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ баррасӣ гардид.

Иброз шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина таъмини корхонаҳои саноатӣ бо мутахассисони соҳибкасб яке аз масъалаҳои муҳими соҳа арзёбӣ гардид.

Иштирокчиён оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, конҳо, озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, инчунин такмили таҷрибаи касбии омӯзгорони ихтисосҳои муҳандисию техникӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки нақши корхонаҳои саноатӣ дар омодасозии кадрҳо, ташкили пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ, истифодаи озмоишгоҳҳо ва имконияти техникии корхонаҳо дар раванди таълим аҳамияти калон дорад. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Инчунин фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти ҳамгироии маориф, илм ва истеҳсолот, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ, рушди озмоишгоҳҳои соҳавӣ, таҳқиқоти илмии амалӣ, таҳсили дуалӣ ва бозомӯзии кормандони корхонаҳо муаррифӣ карда шуд.

Форуми ҷумҳуриявӣ барои табодули таҷриба, муаррифии имконоти муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва корхонаҳои саноатӣ, баррасии масъалаҳои соҳавӣ ва таҳкими ҳамкории илму маориф бо истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар анҷоми форум байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома самтҳои омодасозии кадрҳои соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия, табодули таҷриба, рушди таҳсили дуалӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва густариши ҳамкории муассисаи таълимиро бо корхонаи истеҳсолӣ дар бар мегирад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, «бунёди ин корхона оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва ташаккули металлургияи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст