Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «Помиринвест–2026», ки 24 июл дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкорӣ оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд, арзиши умумии лоиҳа 250 миллион сомонӣ мебошад.
Сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут барои рушди иқтисоди маҳаллӣ аҳамияти бузург дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он садҳо ҷойи нави кор таъсис дода мешавад. Инчунин имконияти нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба вуҷуд меояд. Ттатбиқи лоиҳа ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ, зиёд гардидани даромадҳои буҷети маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Имзои ин созишнома бори дигар собит месозад, ки ноҳияи Шуғнон имрӯз ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сармоягузорӣ табдил ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодию саноатӣ имконияти васеъ дорад. Ҳамкории судманд бо сармоягузорони хориҷӣ нишонаи эътимод ба фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон ва сиёсати иқтисодии давлат мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд






