Ҳоким Холиқзода бо Сафири нави Арабистони Саудӣ дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуд

Июль 8, 2026 13:39

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ Аш—Шамронӣ  мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро барои тавсеаи минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди минбаъдаи онҳо талоши муштарак доранд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду давлат ба ҳисоб рафта, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, инчунин баргузории мизҳои мудаввари соҳибкорон ва сармоягузорони ду давлат дар ин раванд аҳамияти муҳим дорад.

Иброз гардид, ки айни замон рӯзномаи ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ, саноати сабук, энергетика ва об, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, технология, фарҳанг ва амниятро фаро мегирад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки иқтидорҳои молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ ва захираҳои табиӣ ва меҳнатии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддат ва судманд дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2026 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид