Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд

Июль 23, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ беш аз 2 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 676 ҳолат кам мебошад. Соли 2025 2 ҳазору 819 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ кам шудани ҳолатҳои ошкор гардидани қонуншиканиҳоро асосан ба тадбирҳои андешидаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва пешгирӣ намудани воридоти қочоқи мол рабт дод.

Гуфта шуд, ки аз ҳисоби умумии ҳуқуқвайронкуниҳои қайдшуда 39 ҳолат ба ошкор намудани ҷиноят мансуб мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (33 ҳолат) 6 ҳолат зиёд аст.

Инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2 ҳазору 104 ададро ташкил дода (соли 2025 -2786), аз ин ҳисоб 2 038 парванда баррасӣ гардида, 66 парванда дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Бо қабули қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2 ҳазору 104 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи 3 миллиону 413 ҳазору 863 (нимсолаи якуми соли 2025 — 4 693 434) сомонӣ таъйин ва пурра рӯёнида шуд. Дар баробари ин, дар 104 ҳолат ба маблағи беш аз 868 ҳазор сомонӣ мол мусодира гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар ин давра ҳамзамон 94 (нимсолаи якуми соли 2025 — 134) ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизӣ, аз ҷумла 3 ҳолати маснуоти заргарӣ, 24 ҳолати маҳсулоти спиртӣ, 44 ҳолати маҳсулоти тамоку ва 23 ҳолати интиқоли ғайриқонунии дигар молҳои зераксизӣ, аз қабили нӯшокиҳои нерубахш, нӯшокиҳои газнок, воситаи нақлиёти сабукрав ва резинчархаҳо ошкор гардидаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»