Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши сайёри осорхонавӣ таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Намоиши сайёр то 10 июл идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, таҳкими маърифати экологӣ ва инъикоси ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо тавассути осори санъати тасвирӣ аз ҳадафҳои асосии намоиш арзёбӣ гардид.
Ин иқдом ҳамчун ҷузъи фаъолияти илмӣ-маърифатӣ ва фарҳангии Осорхонаи миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа дар масъалаҳои муҳими муҳити зист ва рушди устувор мусоидат менамояд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода иштирок намуда, аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон нақши муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаҳоро дар тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маърифати экологӣ ва муаррифии мероси фарҳангии ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар доираи намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 40 асари арзишманди санъати тасвирӣ ба тамошо гузошта шудааст. Асарҳо, ки аз ҷониби рассомони маъруфи Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ офарида шудаанд, бо маҳорати баланди эҷодӣ манзараҳои нотакрори табиати Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхҳо, қуллаҳои сарбафалаккашида, дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон, сарчашмаҳои оби мусаффо ва дигар унсурҳои муҳими муҳити табииро таҷассум менамоянд. Ин асарҳо на танҳо дорои арзиши баланди бадеиву эстетикӣ мебошанд, балки ҳамчун сарчашмаҳои муҳими маърифатӣ дар тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист, эҳтиром ба неъматҳои табиат ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ аҳамияти хоса доранд.
Дар ин муддат кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, намояндагони касбу корҳои гуногун, инчунин сокинону меҳмонони ноҳияи Тоҷикобод имкон доранд бо осори арзишманди рассомони Тоҷикистон шинос шуда, оид ба арзишҳои фарҳангӣ, табиӣ ва экологии мамлакат дониши худро ғанӣ намоянд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






