Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 12, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ соати 08:00 баргузор мешавад.

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Дар Агентии назорати давлатии энергетикӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» соати 10:00 гузаронида мешавад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ нишасти  матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Дар  Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии ҷамъиятҳои саҳомии «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» соати 15:00  дар ҶСК «Барқи Тоҷик» баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 12, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад