Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 09:00 (кӯчаи С.Абдуллоев, № 77, назди бинои нави Суди Олӣ ) доир мешавад.
Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзӣ соати 14:00 гузаронида мешавад.
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ соати 15:00 доир мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






