Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад

Июль 10, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 июл дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз наздик шинос шаванд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ низ пешниҳод мегарданд.

Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии ин ташаббус танҳо баргузории чорабиниҳои идона набуда, балки таҳкими фазои ягонаи фарҳангии мамлакат мебошад. Барои сокинони пойтахт ин имконияти мусоид аст, то бо фарҳангу суннатҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Он инчунин  барои муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ва соҳибкорӣ фурсати муносиб мебошад.

12 июл дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ва дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд