Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад

Июль 2, 2026 15:44

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ассотсиатсияҳои палатаҳои савдо ва саноати Чин, Муғулистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории мутақобила ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Санади мазкур дар доираи Форуми байналмилалии энергетикӣ, ки аз 23 то 25 июни соли равон дар шаҳри Тачэни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба имзо расид. Дар ин форум намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин ширкатҳои ватанӣ бо шарикони хориҷӣ оид ба рушди ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика ба мувофиқа расиданд.

Инчунин 16 ширкати ватанӣ, ки бахшҳои энергетика, тиб, дорусозӣ, сохтмон, истеҳсоли мебел ва дигар соҳаҳоро намояндагӣ намуданд, дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2026»-и АвруОсиё дар шаҳри Шинчони Урумчи, ки аз 25 то 29 июн баргузор шуд, иштирок намуданд.

Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2B доир гардид. Ширкатҳои ватанӣ бо фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсолии Шинҷон шинос шуда, оид ба таъмини таҷҳизот, рушди ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз бузургтарин ширкатҳои энергетикии Чин — «MSTN Tehnologies Co., Ltd» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2026 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд