Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд

Июль 21, 2026 12:03

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор аз Осорхонаи миллии таърихии ин кишвар боздид намуданд.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи миллӣ 11 октябри соли 2022 дар маркази шаҳри Улан-Батор ифтитоҳ гардид.

Дар осорхона китобхонаи илмӣ бо 6000 ҷилд китоб мавҷуд аст.

Бинои осорхона нуҳошёна буда, дар ҳашт ошёнаи он толорҳои мавзӯӣ мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои поёнӣ намоишгоҳҳо дар бораи халқҳои қадимие, ки дар Муғулистон сукунат доштанд, ҷойгиранд.

Осорхона як маркази бузурги тадқиқотиро мемонад, зеро зиёда аз 10400 намоишгоҳи фарҳангӣ дорад.

Дар байни онҳо ашёи антиқа ва бостоншиносии тааллуқ ба асри XIII мавҷуд аст.

Зимни шиносоӣ бо дастхатҳои бо алифбои бостонии муғулӣ навишташуда роҳбалади осорхона, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ин хатро муғулҳои бостонӣ аз хатти тоисломии суғдиён қабул намудаанд. Ба иттилои мутахассисон, алифбои суғдиёни бостонӣ бо хатти замони Куруши Кабир, аз ҷумла бо он хатте, ки Эъломияи машҳури ин шоҳаншоҳи Эронзамини қадим навишта шудааст, шабоҳати наздик дорад.

Пас аз боздид аз Осорхонаи миллии Муғулистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Боздид аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон 21.07.2026

Июль 21, 2026 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд