Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти нави технологӣ дар корхонаи Ҳаҷмис иқтидори солонаи корхона аз 5 миллион дона хишт ба 10 миллион дона расонида шуд. Аз ин ҳисоб шумораи коргарон қариб як маротиба афзуда, ба 90 кас расид.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии деҳаи Далёни Болои деҳоти Далёни Боло, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда ба таври фосилавӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар он 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар коргоҳи истеҳсолӣ асосан духти либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона ва варзиширо низ омода месозанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ду иншооти соҳаи саноатро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду муассисаи таҳсилоти томактабии хуштарҳу замонавиро дар деҳаи Далиёни Боло бо фарогирии то 300 кӯдак ва 50 ҷойи кории нав, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак, бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Чуянчии деҳоти Ваҳдат ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 40 кӯдакро бо 8 ҷойи корӣ дар деҳаи Дархони деҳоти Исмоили Сомонӣ ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 барои 640 хонанда дар як баст, бо 60 ҷойи корӣ дар деҳаи Далёни Поён, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 480 хонанда дар ду баст бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Сурхоби деҳоти Исмоили Сомонӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 69 барои 350 нафар хонанда дар ду бастро бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Панҷбоғ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Ба истифода додани се муассисаи нави таълимӣ дар деҳот дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.
Марказии саломатии рақами 7-и деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич, ки баъд аз тармим ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот дарак медиҳад.
Бинои замонавӣ, шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд.
Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардидани бинои нави хонаи фарҳанг дар деҳаи Хӯҷаҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеъдодҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Иншооти фарҳангӣ бо мақсади рушди фаъолияти ҳунарӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон пешбинӣ гардида, дорои толори консертию маҷлисӣ, китобхонаи замонавӣ ва дигар бахшҳои зарурӣ мебошад.
Ифтитоҳи як зумра ишооти соҳаҳои саноату маориф, тандурусӣ ва фарҳанг аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои кории нав, боз ҳам беҳтар гардидани раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ нигаронда шудааст.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






