Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд

Июль 7, 2026 11:32

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара расман оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои масуълин дар иншооти мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳавзи моҳипарварии ҶДММ Технологияи сохтмонро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин ҳавз дар деҳаи Чилҳуҷраи ноҳия ҷойгир буда, барои парвариши 5 ҳазор гулмоҳӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин иншоот низ беш аз 10 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти Парваришгоҳи дарахтони нодир дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон низ оғоз бахшиданд.

Ин парваришгоҳ дар доираи татбиқи амалии Барномаи миллии Кишвари сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 7500 дарахти нодиру ороишӣ ва сояафкан бо усулҳои муосир парвариш меёбад.

Ҳамзамон дар ин ҷо 2 иншооти соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо 240 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Чилҳуҷра ва Муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои Истиқлол барои 240 кӯдак дар деҳаи Шаҳристон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ҳарду иншооти тозабунёди соҳаи маориф беш аз 80 нафар, аз ҷумла омӯзгорону парасторон ба фаъолият оғоз намуданд.

2 иншооти дигаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд, марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Ваҳдат ва Саробӣ мебошанд. Дар ин иншоотҳои соҳаи тандурустӣ беш аз 20 корманди тиб ба мардум хизмат хоҳанд расонд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти гуногунтаъйинотро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот арзёбӣ намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияро ба саҳмгузории бештар дар ободонии Ватан ҳидоят карданд.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 7 иншоот дар ноҳияи Шаҳристон 07.07.2026

Июль 7, 2026 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид