Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд

Июль 1, 2026 12:15

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”.

Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои давлатҳо дар ҷодаи дипломатияи  парлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба тақвияти бештари он изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат хоҳад кард.

Густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, бахшҳои аграрӣ ва зерсохтори нақлиётӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд.

Роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Дар ин замина ба Арабистони Саудӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон дар хусуси эълон кардани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” изҳори сипос карда шуд.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шурои (Парлумони) Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх 01.07.2026

Июль 1, 2026 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд