Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соҳибкорон ва сармоягузорони мамлакат муроҷиат намуда, онҳоро ба сармоягузорӣ дар рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ даъват карданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон дорои фазои устувори сиёсӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва имконияти васеи сармоягузорӣ буда, Ҳукумати мамлакат минбаъд низ рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои бахши хусусиро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.
Пешвои миллат илова намуданд, ки сармояи соҳибкорони ватанӣ бояд, пеш аз ҳама, ба рушди истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ташкили ҷойи нави кор равона карда шавад.
Тавре Президенти мамлакат тазаккур доданд, ташаббуси Ҷамъияти саҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» нишон медиҳад, ки соҳибкорони ватанӣ имрӯз қодиранд лоиҳаҳои бузурги дорои аҳаммияти стратегиро амалӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои миллии рушди кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Пешвои миллат ҳама соҳибкорон ва сармоягузоронро даъват намуданд, ки аз имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда, дар таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо фаъолона саҳм гузоранд.
Сарвари давлат бо изҳори итминон таъкид намуданд, ки ҳамкории созандаи давлат ва бахши хусусӣ минбаъд низ барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






