«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 24 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026» баргузор гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд ва масъулони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд, дар доираи форум байни мақомоти шаҳр ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳаҷми умумии сармоягузории пешбинишуда 181 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Созишномаҳои баимзорасида ба татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, саноат, сайёҳӣ, инфрасохтор ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Хоруғ равона гардидаанд.
Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи ҷалби сармоя, таъсиси ҷойи нави кор, густариши фаъолияти бахши хусусӣ ва баланд бардоштани имконияти иқтисодии шаҳр арзёбӣ мешавад.
Шаҳри Хоруғ бо истифода аз имконоти мавҷуда метавонад ба яке аз марказҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа табдил ёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






