«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид

Июль 24, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026» баргузор гардид, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ва масъулони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.  

Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Бадахшон баргузор шуда, ҳадафи он ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, муаррифии имконияти иқтисодии вилоят ва таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ мебошад.

Пеш аз оғози форум иштирокчиён бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳ фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, дастовардҳои соҳибкорон ва намунаи ҳунарҳои мардумии вилоят муаррифӣ гардид.

Иброз гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар вилоят Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест» баргузор гардида, ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя мусоидат менамояд. Форуми имсола дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ соли охир, дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди саноат» (2022–2026) дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 174 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, сохтмони боз 30 корхонаи дигар идома дорад.

Ҳамзамон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика низ якякчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, имсол сохтмони қитъаи роҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба анҷом расида, корҳои марҳилаи навбатии ин шоҳроҳ оғоз мегарданд.

Дар соҳаи энергетика мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ва бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба таҳкими иқтидори энергетикии вилоят мусоидат намуд. Дар айни замон корҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Санобод» дар ноҳияи Рӯшон ва дигар иншооти энергетикӣ идома доранд.

Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ҳамкории солҳои охир ва баргузории Форуми «Помиринвест» нишон медиҳанд, ки бо таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҳамкории густурда бо шарикони рушд имкони татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят бештар мегардад.

Дар форум намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд оид ба имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ибрози назар намуда, барои густариши ҳамкории сармоягузорӣ изҳори омодагӣ карданд.

Дар анҷоми форум» байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон дар маҷмуъ 57 тафоҳумнома ба маблағи зиёда аз 6 миллиарду 580 миллион сомонӣ ба имзо расид. Он барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июль 24, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд