Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»

Июль 14, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори мақомоти адлия дар фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам баъзе камбудию норасоиҳо ба назар мерасанд. Махсусан таъкид бояд кард, ки сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодшаванда ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия дар шаҳри Душанбе.

Сарвари давлат баён доштанд, ки кормандони вазорат ба масъалаи санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз лиҳози талаботи қонунгузорӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намекунанд. Дар натиҷа қисме аз лоиҳаҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президент такмил дода мешаванд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мукаммали таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

«Дар шароити густариши муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши уҳдадориҳои шартномавӣ ва зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошад. Кор дар самти бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ беҳбудиро тақозо менамояд»,–тазаккур доданд Роҳбари давлат.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва таъсиси муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» фаъолияти мақомот дар ин самт низ назаррас нест.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки фаъолият оид ба расонидани иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои сайёр, андешидани дигар тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва мусоидат ба ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии онҳо тавсеа дода шавад.

Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунҳои нав аксар вақт бо усулҳои куҳна, яъне маҷлисҳои расмӣ гузаронида мешаванд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иттилоотӣ барои тарбия ва ҷалби ҷавонон дар руҳияи эҳтирому риояи қонун, яъне тарбияи ҳуқуқии онҳо ҳоло ҳам нокифоя мебошад. Фаъолияти мақомоти адлия дар самти хизматрасониҳои давлатӣ низ беҳбудӣ талаб мекунад.

Ҳарчанд ки дар соҳа раванди рақамикунонӣ ба роҳ монда шудааст, вале суръати рушди он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки мувофиқи маълумот дар Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ 72 намуди хизматрасонии давлатӣ ба Вазорати адлия мансуб мебошад. Аммо ҳоло танҳо 9 намуди он тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ дастрас мебошад, ки ин барои мақоми масъули соҳаи хизматрасониҳои муҳимми ҳуқуқӣ қонеъкунанда нест.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид