Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 иншоотро дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд

Июль 8, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои маъмурии Суди вилояти Суғд ба таври фосилавӣ фаъолияти чор иншооти муҳими истеҳсоливу хизматрасониро оғоз бахшиданд.

Сипас, сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бо иқтидори нигоҳдории се ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ шуда, дар он 25 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.

Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо мавриди истифода қарор гирифт. Корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ивазкунандаи воридот равона гардидааст.

Дар идома бинои нави шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин иншоот барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии муосир фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави прокуратураи ноҳия ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти дуошёна бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардида, ба боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин чор иншоот дар маҷмӯъ 100 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ омили муҳими рушди саноат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 08.07.2026

Июль 8, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон