Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷиро ифтитоҳ намуданд

Июль 8, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат зимни боздид аз шароити фароҳамшуда ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва имкониятҳои хизматрасонии марказ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Дар марказ шуъбаҳои қабул, ҳуҷраҳои хоб, бахши физиотерапия, ҳуҷраҳои асаб, бемориҳои занона, ҳамчунин дилу рагҳои хунгард фаъолият менамоянд. Дар маркази солимгардонӣ мутахассисони касбиву дорои тахассуси баланд фаъолият намуда, хизматрасонӣ тибқи стандартҳои муосир ба роҳ монда шудааст.

Саҳни бинои маркази солимгардонӣ сабзкорӣ шуда, нишастгоҳҳои замонавӣ барои беморон имкони хуби истироҳату фароғатро ба миён овардаанд.

Зимни суҳбат бо масъулон роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, чунин ташаббусҳо ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ минбаъд ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои атроф хизмат расонида, дар таҳкими тандурустии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ифтитоҳи Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 08.07.2026

Июль 8, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид