Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири хизматрасонии тиббӣ бунёд гардида, туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони ноҳияи Деваштич арзёбӣ гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи нав дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатӣ шароити муосири корӣ барои табибону кормандони тиб ва табобату ташхис бо таъмини дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ 30 табиби соҳибтахассус бо ҷои корӣ таъмин гардид.
Бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки дар он 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд.
Муассисаи наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосири соҳа аз ҷумла, дастгоҳҳои сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои безараргардонӣ, ҳуҷраи хатна ва маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин буда, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардидааст.
Тавре зикр гардид, бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳои нави тиббӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат буда, ба хотири амалан татбиқ намудани механизмҳои ташхису табобат ва солимгардонии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти нав бо кормандони беморхона суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба хизматрасонии хушсифат ба мардум ҳидоят намуданд.
Зимнан таъкид гардид, ки ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, такмил додани сатҳи тахассусии кормандон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу эҳсоси масъулият дар фаъолияти корӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф ва фараҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.









Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд






