Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд

Июль 31, 2026 13:51

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро имкони мусоид барои баррасии роҳҳои пешбурди муштараки масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон, Сарвари давлати мо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба минтақаи мо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, саноат, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалиятҳои муштараки кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат рушди робитаҳои фарҳангию гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардумони мо арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи талошҳо барои татбиқи амалии қарорҳои муштараки қабулшуда таъкид намуданд.

Иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон 31.07.2026

Июль 31, 2026 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ