Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 01.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз хонум Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб ва баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои мудирони Бунёд дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бунёди иқлими сабз, ки имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба масоили вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, мудирияти захираҳои об ва коҳиши хавфу таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз тасдиқ шудани Барномаи кишварии сармоягузории Бунёд дар Тоҷикистон ва Барномаи нави минтақавии “Аз пиряхҳо то хоҷагидорон” истиқбол карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба идома ва густариши робитаҳои судбахш дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






