Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боз як рӯйдоди муҳиму фараҳбахш дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он хеле хуб истиқбол намуданд. Қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ба дили миллионҳо нафар сокинони сайёра фараҳу шодӣ бахшид.
— Қатънома дар ҳоле ба тасвиб расид, ки беш аз 42 мамлакати ҷаҳон ба гирдоби ҷанг фурӯ рафта, миллионҳо нафар дар саросари олам аз хушунат, қатл, ғорат ва ноамнӣ азоб мекашанд.
Ин иқдом идомаи мантиқии ибтикори сулҳофаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим буда, дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ ва ҳамзистии осоишта хеле муҳим аст.
Ҳар як ташаббусу иқдоми созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат қадами қатъӣ ба сӯи фардо, ояндаи дурахшон ва некуаҳволии ҷомеа равон гардида, онҳо ҳамеша аз тарафи сокинони мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳон гарм истиқбол гирифта мешавад.
Тавре сиёсатмадор ва дипломати маъруфи ҷаҳон, Дабири кулли собиқи Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан гуфта буд: «Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон метавонад барои давлатҳое, ки аз низоъ ранҷ мебаранд, дарси муҳим бошад».
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш иброз медорад: «Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон давлати нисбатан хурд аст, он дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад». Антониу Гутерриш ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои сулҳ, амният, об ва тағйирёбии иқлим баланд арзёбӣ менамояд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ба хусус иродаи наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг ва уҳдадории ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо, бозтоб ёфтааст. Он аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати ҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло Тоҷикистон ба амнтарин давлати ҷаҳон табдил ёфта, миллати тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ мекунад.
Дар маҷмуъ, қабули ин қатънома боз як саҳифаи дурахшони фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит сохт, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва пуштибонӣ мешавад. Дар ҷаҳоне, ки ҳамарӯза ба сулҳу субот эҳтиёҷ дорад, чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими ҳамбастагии инсоният, пешгирии низоъҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо мусоидат намоянд.
Сулҳ арзишест, ки бе он ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ рушд ва ҳеҷ ояндаи устувор вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон на танҳо дастоварди як давлат, балки саҳми арзишманд дар роҳи бунёди ҷаҳони осоишта, амн ва инсонмеҳвар барои тамоми башарият мебошад.
Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ қарор дошта, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст. Заминаи асосии ин пешрафт сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз сулҳу субот аст, ки мардуми тоҷик бурдборона ба корҳои созандагию ободонӣ машғуланд ва ба муваффақиятҳои арзанда ноил гашта истодаанд.
Умедҷон НУРИДИН,
прокурори шаҳри Ҳисор,
мушовири адлияи дараҷаи 1
АКС: АМИТ «Ховар»








Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад






