Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид

Июль 5, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ, сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғании се шаҳр буда, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсули сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат тамоми минтақаҳои мамлакат ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид шудаанд.

Гуфта шуд, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони шаҳри Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол манзури меҳмонон гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд