Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид

Июль 25, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғанӣ буда, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Иштирокчиён иброз намуданд, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсули сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат тамоми минтақаҳои мамлакат ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид шудаанд.

Гуфта шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони ноҳияи Айнӣ манзури меҳмонон гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд