Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ, сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Гӯшаю гулгаштҳои Боғи Ирам бо маҳорати баланди зебоисозӣ ва маҳсулоти кишоварзиву ҳунарҳои мардумӣ оро дода шуда, диққати иштирокдоронро бештар ҷалб намуданд.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ имкон фароҳам меорад, ки дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳама самтҳои фаъолият пурра муаррифӣ карда шаванд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёди якчанд иншооти гуногунтаъйинот ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин иншоот ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат намудаанд.
Данғара ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба шумор рафта, ҳамасола бо баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар рушди устувори иқтисодиёт саҳми муносиб мегузорад. Фаъолияти пурсамари неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Минтақаи озоди Данғара ва дигар корхонаҳои саноатӣ имрӯз дар рушди иқтисодии ноҳия нақши бориз мегузоранд.
Маконҳои зиёди таърихиву фарҳангии ноҳия гувоҳи қадимӣ будани онро собит сохта, барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меоранд. Қалъаи Золи Зар, қалъаи шаҳиди Данғараи Боло, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Сабзпӯш, Ҳазрати Хоҷаи Зинда ва ғайра мавзеъҳои диданӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошанд.
Барномаи ҷолибу бошукуҳи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо таронаҳои ватандӯстона ба намоиш шаҳомати хоса бахшида, хотири иштирокдоронро болида гардонид.
АКС: АМИТ «Ховар»
























































































Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






