Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар саҳни боғ намоиши молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон пешниҳод гардид.
Меҳмонон сараввал гӯшаҳои намоишгоҳро тамошо намуда, бо дастовардҳои иқтисодиву фарҳангӣ аз наздик шинос гардиданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон чун дигар ноҳияҳои мамлакат бо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот, сабзавот, маҳсулоти саноатӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Ҳамзамон ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар маҳсулоти дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар гӯшаҳои гуногуни боғ намунаи таомҳои миллии хоси ин ду минтақаи мамлакат пешкаши сокинону меҳмонон гардид.
Анвои гуногуни маҳсулот дар растаҳо бо маҳорати хос оро ёфта буд. Ин намоиши фарҳангӣ бори дигар ҳамбастагӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии сокинонро ба намоиш гузошт. Дар идома бо иштироки ҳунармандону устодони санъат шоми фарҳангӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Душанбе тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Ноҳияи Ёвон дар қисми марказии Тоҷикистон, дар шимоли водии Вахш воқеъ аст. Ин ноҳия дорои мавзеъҳои сайёҳӣ ва диққатҷалбкунанда мебошад. Маконҳои диққатҷалкунандаи ноҳия мавзеи Мирзоӣ, қадамгоҳи Хоҷа Абдоли Валӣ, мавзеъҳои Чилбибиён, Чаноро, Каҳдарав, Ғаравқалъа, мавзеи шифоии Оби шифо (Гугирдоб) мебошанд. Инчунин дар ноҳияи Ёвон барои сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, вобаста ба хизматрасонии нақлиётӣ бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ёвон қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Ёвон-Бохтар фаъолият менамояд, ки ҳамарӯза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз қадим то имрӯз дар ноҳияи Ёвон ҳунармандони чирадаст ва машҳур фаъолият намуда, ҳунарҳои онҳо аз даст ба даст ва аз насл ба насл омада расидаанд. Дар ноҳия ҳунарҳои гуногуни қадимӣ ва муосир, аз қабили сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, намадбофӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва ғайра машҳур мебошанд. Занони ҳунарманди ноҳияи Ёвон анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла таҳмол, қалама, оши палав, оши бурида, қурутоб, шакароб, қулчақандҳо, нони чапотӣ, умоч, чанголӣ, ширруған, ширчой, ширкаду, ширбиринҷ, дамлама, манту, хомшурбо, қайла, тандурӣ, хӯришҳои гуногун, таҳқаймоқ ва ғайраро бо маҳароти баланди кадбонугӣ омода менамоянд. Дар ин рӯзи фарҳангӣ чунин таомҳо омода ва пешниҳод гардиданд.
Шаҳри Норак дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, масоҳаташ қариб 400 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз байни кӯҳҳое, ки Норакро ба оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Нор зеботарин ва баландтарин (1714 метр) мебошад.
Шаҳри Норак ҳамчун шаҳри барқчиёни тоҷик дорои таърихи дароз аст. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки дар давраи асри санг ин ҷо одамон зиндагӣ мекардаанд. Чил ҳазор бозёфте, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахассисонанд.
Бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Норак рӯз ба рӯз симои нав касб мекунад. Барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат дар шаҳр сохтану ба истифода додани иншооти зиёд ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳама ободонию бунёдкорӣ ба боз ҳам баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»






















































































































Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон






