Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» дар мавзуи «Сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигаргунсозии рақамӣ» баргузор гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд. Форум дар доираи барномаи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ доир шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, форум ба масъалаҳои трансформатсияи рақамии бахши молиявӣ бахшида шуд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо дурнамои истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши худкор дар таҳлили макроиқтисодӣ, пешгӯии таваррум, назорати бонкӣ ва рушди инфрасохтори пардохтӣ баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки истифодаи технологияҳои нав бо таҳкими устувории амалиётӣ, амнияти киберӣ ва механизмҳои самараноки идоракунии хатарҳо бояд ҳамоҳанг бошанд.
Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» ҳамчун майдони муколамаи касбии боз байни роҳбарони бонкҳои марказӣ, намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, иқтисоддонҳои пешбари ҷаҳонӣ ва ҷомеаи илмӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити идомаи номуайянии ҷаҳонӣ, тағйироти сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифода бурда мешавад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






