Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд

Июль 6, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар, доктор Марям бинти Абдулло Ал-Атийя ҳамроҳ бо ҳайати корӣ аз боғҳои мева ва токзори шаҳри Ҳисор дидан намуд. Ҳайат бо парвариши навъҳои гуногуни меваҳои тару тозаи маҳаллӣ, аз ҷумла зардолу, шафтолу, олу, гелос, ангур, анҷир ва полезиҳо шинос шуда, ба фаровонии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, сифат ва таъми лазизи онҳо баҳои баланд доданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки меҳмононро Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода истиқбол намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи боғдорӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати аграрии мамлакат буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола майдони боғҳои интенсивӣ, хусусан васеъ мегардад.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти меваҳои хушсифати ватанӣ сол то сол афзоиш ёфта, дар бозорҳои дохилу хориҷ харидорони худро дорад.

Ҳамчунин меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор, аз ҷумла қалъаи қадимаи Ҳисор, осорхона ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ дидан намуда, бо таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни тоҷикон аз наздик шинос шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 6, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид