Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Июль 2, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар хонум Марям бинт Абдулла Ал-Аттия ҳамроҳ бо ҳайати расмии худ, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо мақсади шиносоӣ бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати меҳмонон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин ба онҳо оид ба марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, таърихи фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар анҷоми боздид Марям бинт Абдулла Ал-Аттия аз сатҳи баланди ташкилу баргузории фаъолияти намоишӣ, муҳтавои ғании экспозитсияҳо, тарҳу ороиши толорҳои намоишӣ ва ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 2, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид