Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғоз ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои рушди устувор аҳаммияти муҳим дорад.
Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, рушди инфрасохтор, рақамикунонӣ, тандурустӣ ва маориф, омодасозии мутахассисон ва татбиқи дигар барномаҳои рушди иҷтимоиро муҳокима намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла барои идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави рушд аз ҷониби Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ, таъкид намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






