Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарламентӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули назар анҷом доданд.
Аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои амалии Фонди рушди саудӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявии саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтории Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.


Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, гидроэнергетика, захираҳои об, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, иқтисоди сабз, сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Риёз ва танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда номиданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои гуфтушунид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ мусоидат хоҳанд кард.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






