Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди маблағгузории устувор дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Институти глобалии рушди сабз (Global Green Growth Institute — GGGI) дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон инчунин таҳкими низоми молиявии сабз, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва густариши ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ мавзуи тағйирёбии иқлим на танҳо масъалаи экологӣ, балки яке аз омилҳои муҳимми иқтисодӣ ва молиявӣ буда, рушди низоми маблағгузории сабз аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташаккули муҳити мусоид ба хотири ҷалби сармояи хусусӣ, рушди бозори сармоя ва идоракунии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои пайгиронаро амалӣ менамояд. Дар ин замина, таҷрибаи барориши аввалин вомбарги сабзи корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Бонки Эсхата», ки бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ доир шуд, заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи бозори сармоя ва маблағгузории устувор арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби Институти глобалии рушди сабз барои таҳияи заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва муайян намудани лоиҳаҳои мутобиқ ба талаботи маблағгузории сабз мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобили судманд ба хотири рушди маблағгузории устувор, таҳкими бозори сармоя, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва барориши вомбаргҳои сабзи квазисуверенӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






