Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Наввоф Абдуллатиф ал-Аҳмад мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти татбиқи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт (3–5 ноябри соли 2024) ба даст омада буданд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо инчунин изҳори умед намуданд, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, инчунин даври чаҳоруми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ояндаи наздик баргузор мешаванд.
Дар ин замина саҳми Сандуқи кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва рушди Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин мусоҳибон доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






