Рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати тухмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили заминаи меъёриву ҳуқуқӣ ва таҳкими иқтидори ниҳодҳои дахлдор диққати махсус зоҳир карда шуд.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи тухмипарварӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва мутобиқшавии соҳа ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бобати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат ибрози омодагӣ намуданд.
Мусоҳибон омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва тақвияти робитаҳо дар самти рушди соҳаи тухмипарварӣ таъкид карданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






