Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид

Июль 2, 2026 15:23

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ нусхаи эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкориро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуданд. Аҳамияти татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба даст омада буданд, таъкид карда шуд.

Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ иброз гардида, зарурати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни ду давлат изҳор карда шуд.

Хусрав Нозирӣ дуруду паёми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти Давлати Кувайт расонида, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мамлакат баён намуд.

Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт омодагии кишварашро барои густариши ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз кард.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти соли 1995 барқарор гардида, давоми ин давра бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва манфиатҳои муштарак мунтазам рушд ёфтаанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Июль 2, 2026 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид