Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар ал-Кувайт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Носир ал-Мутайрӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмони мазкур дар соҳаҳои авлавиятноки он, таҳкими бештари ҳамкорӣ ва мавзуъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аъзои фаъоли Муколамаи ҳамкории Осиё буда, дар пешбурди ҳадафҳои созмон саҳми босазо мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2012-2013 раёсати ин созмони минтақавиро бар дӯш дошта, 29 марти 2013 Душанбе мизбони Ёздаҳумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё буд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид






