Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд

Июль 10, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ Наталя Бочарова мулоқот намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони байналмилалии забони русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар давлатҳои аъзои Созмон ва мавзуъҳои эҳтимолӣ барои Нақшаи амали Созмон барои соли 2027 мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки Созмони байналмилалии забони русӣ созмони байниҳукуматӣ буда, бо мақсади таблиғ ва ташвиқи забони русӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳо оид ба истифодаи ин забон ва таҳкими мақоми он ҳамчун забони муоширати кории созмонҳо ва сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ моҳи октябри соли 2023 аз ҷониби сарони давлатҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон зимни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек ба имзо расида буд.

Моҳи марти соли 2026 нахустин Конфронси вазирони давлатҳои аъзои Созмон баргузор гардида, Созмони байналмилалии забони русӣ фаъолияти расмиро бо қароргоҳ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия оғоз намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид