Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»

Июль 28, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи номгузорӣ ба  фарзандон чанд соли охир аз мавзуъҳои доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Бо вуҷуди таҳия ва дастраси омма гардонидани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҳанӯз ҳам бархе аз волидон мехоҳанд барои фарзандони худ номҳои бегона ё берун аз меъёрҳои забони давлатиро интихоб намоянд. 

Доир ба ин масъала зимни нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумита Сахидод Раҳматуллозода гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2026 ба кумита 47 муроҷиат оид ба мувофиқаи номҳо ворид шудааст.

Ба ақидаи раиси кумита, дар фарҳанги тоҷикон аз қадим гузоштани номи нек ба фарзанд яке аз суннатҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро ном инсонро тамоми умр ҳамроҳӣ мекунад ва метавонад ба ӯ таъсири мусбат ва ё манфӣ расонад.

«Мо набояд ба фарзандон номҳое гузорем, ки маънои номуносиб, таҳқиромез ё бегона дошта бошанд. Вақте инсон ба синни балоғат мерасад ва маънои номи худро мефаҳмад, агар он маънои хуб надошта бошад, метавонад боиси нороҳатии равонияш гардад»,– афзуд Сахидод Раҳматуллозода.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳнамоии волидон Кумитаи забон ва истилоҳот «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро таҳия кардааст. Ба ин феҳрист 3461 номи миллӣ ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо ба талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон мутобиқ мебошанд.

Ин феҳрист имрӯз дар тамоми шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас буда, ҳар шаҳрванд метавонад ҳангоми интихоби номи фарзанд аз он истифода намояд.

Бо вуҷуди ин, шаҳрвандоне ҳастанд, ки мехоҳанд ба фарзандонашон номҳое гузоранд, ки берун аз феҳристи номҳои миллӣ мебошанд.

Сахидод Раҳматуллозода гуфт, ки барои номи «Муҳаннад» муроҷиат ворид гардида буд. Тибқи таҳқиқоти луғатшиносӣ, маънои ин ном «шамшер» ё «шамшери ҳиндӣ» мебошад. Ҳамчунин номи «Узайр», ки калимаи арабӣ аст, маънои «дастёр» ё «ёрдамчӣ»-ро ифода мекунад.

«Дар забони тоҷикӣ номҳои зиёди зебою пурмазмун мавҷуданд, ки метавонанд ҷойгузини чунин номҳо бошанд. Аз ҷумла, номҳое, чун «Некбахт», «Нексиришт», «Гулрафтор», «Гулсимо» ва даҳҳо номи дигари миллӣ на танҳо маънои нек доранд, балки бозгӯи фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик мебошанд. Чаро мо чунин номҳои зеборо ба фарзандонамон намемонем?»,–таъкид дошт раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Ном танҳо воситаи шинохти инсон нест, балки ҷузъи муҳими ҳувият, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки масъалаи номгузории фарзандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки кумита на танҳо масъалаи номгузории фарзандон, балки номгузории маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар иншооти ҷамъиятиро низ мутобиқ ба меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ба танзим медарорад.

Забоншиносон бар он назаранд, ки номгузории миллӣ танҳо интихоби як ном нест, балки масъалаи ҳифзи забон, таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз чунин тадбирҳо метавонанд барои нигоҳ доштани асолати забони тоҷикӣ ва интиқоли арзишҳои миллӣ ба наслҳои оянда мусоидат намоянд.

Мутаассифона, солҳои охир дар ҷомеа тамоюли интихоби баъзе номҳои бегона, ки ба фарҳанг ва меъёрҳои забони тоҷикӣ иртибот надоранд, бештар ба назар мерасад. Бархе аз волидон ҳангоми интихоби ном бештар ба мӯд, шабакаҳои иҷтимоӣ ё таъсири фарҳангҳои дигар такя мекунанд ва ба маъно, реша ва мувофиқати он бо забони давлатӣ камтар аҳамият медиҳанд. Дар натиҷа, баъзе кӯдакон соҳиби номҳое мегарданд, ки на танҳо барои ҷомеаи тоҷик бегонаанд, балки маънои онҳо низ барои волидон маълум нест. Ин ҳолат зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандонро дар масъалаи номгузорӣ бештар мекунад.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот талош дорад, ки тавассути тавсияҳо, машваратҳо ва истифодаи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» волидонро ба интихоби номҳои зебо, пурмазмун ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ даъват намояд. Зеро номи нек на танҳо мероси фарҳангии миллат, балки сармояи маънавии ҳар инсон ба ҳисоб меравад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот иброз дошт, ки мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам бархе аз падару модарон мехоҳанд ба фарзандонашон номҳои ғайримиллӣ гузоранд. Дар бисёр мавридҳо волидон низ маънои аслии номҳои пешниҳодкардаашонро намедонанд ва танҳо бо таъсири мӯд ё фарҳангҳои бегона чунин номҳоро интихоб мекунанд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот дар самти танзими номгузорӣ аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта, ҳадафи асосии он ҳифзи забони давлатӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва тарғиби номҳои зебою пурмазмуни тоҷикӣ мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ