Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, — изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳо таъкид шуд.
Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.
Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардид.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






