Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд

Июль 7, 2026 09:08

ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.

Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои истеҳсолии корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, дар фаъолияти корхона ба риояи талаботи экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегардад.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки баробари ба истифода дода шудани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки ба табиати зебои муҳит муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона дошта бошанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.

Сарвари давлат, ҳамчунин дастур доданд, ки масофаи 32 км аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи Талко голд ва мавзеи сайёҳии Искандаркул то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш карда шавад.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сурма дар ноҳияи Айнӣ 07.07.2026

Июль 7, 2026 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон